Базм хосаст дар ӯ нукта ба дастур биор
Маънии давр талаб кун сухан давр биор
Талх рӯе макуну тавба ширин башикан
Рух чун ҳури надории сухан ҳур биор
Чашми воёФтаҳи дории хабар васл бигӯ
Дили афрӯхтаи дории дами пар нур биор
Рози дил фош макун пардаи он ғамзаи мдр
Муҳаррами сар шудае нукта мастур биор
Мутриби базм , ҷигарсӯз сурӯдӣ дорад
Шукри ин мушти намаки сина ранҷур биор
Қиссаи васл ба гулбонги ғазал иншо кун
Рози дерина ба ёди не ва тнбўр биор
Бикр ҳар нағма дар пардаи не мастур аст
Маст ва маҷнӯн куну ошуфта ва пуршӯр биор
Ин ғазал дар сафи айвон сипаҳдор бихон
Зон маҳаки гоҳи аФозли хат мансур биор
Гулу наргиси қадаҳу шиша « назирӣ » доранд
Хез аз хобу димоғу дил махмур биор