Ҳар рӯз ҳаст нолаи мурғони дарозтар

Гулзор бе вафотару гул бе ниёзтар

Пайдост айши маҷлисёнро мадор чист

Май ҷонгдозу мутриб аз он ҷонгдозтр

Доранд булбулони ҳамаи зорӣ ки дар чаман

Шуд бе бақотар он ки баромад ба нозтар

Чандон ки рӯзи наргиси ҷодӯ ба хоб рафт

Шаб шуд сипеҳри шӯхтару дидаи бозтар

Қонӯни шикастаи мутриби моро ва ҳамчунон

Зарбати зи зарбат дигараш длнўозтр

Кӣ дасти мо ба доман озодагон расад

Ҳар рӯз ҳаст сарви равони сарфарозтар

Бар савти худ мноз « назирӣ » ки ҳар ки рафт

Дастон ба завқ тар шуду бустон ба созтар