Таъзими паёми дили огоҳи нигаҳи дор
Пайғоми дил хеш магӯ оҳи нигаҳи дор
То домани гули парда гулзор даридаст
эй шохи гёи риштаи кӯтоҳи нигаҳи дор
Бар ман ки ҳарифон сабӯҳӣ нахурӯшанд
Ту қаҳқаҳаи гул ба саҳаргоҳи нигаҳи дор
Шуд ишқ ки аз манзили ҷонони хабари орад
эй ақл ту биншину сари роҳи нигаҳи дор
Маҷлис ба муродасту муҳаббат ба тақозо
Аз садр гаронӣ бирав даргоҳи нигаҳи дор
Ошиқи зи куҷоу сухани сабру ҷудоӣ
Ёрб ту азин тӯҳмат ногоҳ нигаҳи дор
Бо хиҷлати ҷурм аз дар аҷзу раҳи зорӣ
Боз омадаам хоҳ бикаш хоҳи нигаҳи дор
Зиндони ватан ба ки гулистони ғарибӣ
Аз Миср ба канъон бар ва дар чоҳи нигаҳи дор
Хоҳӣ ки ба ту беш шавад шавқ « назирӣ »
Аз пеши худаш гоҳ барон гоҳи нигаҳи дор