Шӯридааст обу гули қолабам ҳануз
Девонаи бим май барад аз машрабам ҳануз
Гуҳи чеҳра май харошаму гуҳи ҷома май дирам
Савдо нарафтааст бурун аз табам ҳануз
Сад бор ид омаду одинаҳо гузашт
Шанбе бурун намеравад аз мактабам ҳануз
Субҳ нашӯр дам зад ва ман дам наме занам
Тарсам ба сар наёмада бошад шабам ҳануз
Ҳар субҳ дар суроғам ва ҳар шом дар раҳам
Андеша пай набарда сӯии матлабам ҳануз
Бо ҳарчӣ эҳтимол қабуласт ме кунам
Таъйин накарда пери Муғони мансабам ҳануз
Бо он ки даъвати ду ҷаҳон мекунам чу Нӯҳ
Дар хона беривоҷ буд мазҳабам ҳануз
Сад раҳи мусофири ҳамаи кас аз сафар расед
Пайдо намешавад асар аз ёрбам ҳануз
Ишқам ба лаҳву лаъиб « назирӣ » з сар нарафт
Афсонаи ханда талх кунад бар лабам ҳануз