Аз таври сулҳу арбада бегонаам ҳануз

Бар оташӣ натохта парвонаам ҳануз

Сад неш талх хӯрдаму сднўши хушгувор

Дарди ҳазор маст ба паймонаам ҳануз

Фарёди мутрибон ба сари хам фурӯ нишаст

Ғавғои ом бар сар девонаам ҳануз

Баси қалбҳо бадал шуду баси кешҳо дигар

Рӯй ниёзи халқ ба вайронаам ҳануз

То ҳаст пери дайри раҳи файз баста нест

Аз каъба мебаранд ба бтхонаҳам ҳануз

Ахтари далелу сидқи сиблату қазои вакил

Дарбанди қоли сбҳаҳи сад донаам ҳануз

Ҳарчанд кӯ ба кӯй барандам ба орият

Ойини шаҳру зинат кошонаам ҳануз

Таснифи ишқу маънӣ таркиб дигараст

Ман шарҳи нукта ӣӣ зи сад афсонаам ҳануз

Ошуфтагии ақл ба мастии бурун барам

Мардум гумон баранд ки фарзонаам ҳануз

Бозам ба базми васл « назирӣ » чаҳ май барӣ

Дар инфеъоли гиря мастонаам ҳануз