Ба умед туам хурсанд азин пас
Нахоҳам гашти ҳоҷатманди азин пас
Ба бӯҳтони гуноҳами сӯхти душман
Ба исёнам намесӯзанд азин пас
Агар дар дил малолӣ ёбам аз ту
Нахоҳам тан ба нохун кунад азин пас
Дилам аз хонимон барканда ишқат
Надорам меҳр бар фарзанди азин пас
Ба банд нестӣ дидам даҳонат
Ба ҳастӣ нестам дарбанди азин пас
Бар аз оғӯш шамшодат гирифтам
з сарсар нашканам пайванди азин пас
Кунун хуши вақт бояд буд бо ҳам
Ки донад зиндагӣ то чанд азин пас
Ба таълим хирадмандон набудам
Бисмии нобахрадонро панди азин пас
Шукр дар Миср арзон шуд « назирӣ »
Ба канъон мефиристам қанди азин пас