Даст касе набаста ва афсун накарда кас

Ҳастӣ тамоми барда ва маҳзун накарда кас

Талхӣ ба ханда гуфта ва ботил накарда хайр

Нӯшӣ ба қаҳр дода ва мамнӯн накарда кас

Ранҷури он нигоҳаму муҳтоҷи он лабам

Морам ба ҷони гузида ва афсун накарда кас

Дар ҷилваи гоҳи васли ту аз баси ҳуҷуми рашк

Юсуф ба чаҳ фитода ва берун накарда кас

Эҳёии қабри мо ки ба кӯй ту ме кунанд

Исо ба дори монда ва мадфӯн накарда кас

Ҷоми шароби айш ҳарифон лаболабаст

Беғусса дар пиёлаи мо хӯн накарда кас

Сад қарн бар муҳаббати Лайлӣ гузашта аст

Бедод бар қибла маҷнӯн накарда кас

Эъроз аз калом « назирӣ » чаҳ ме кунӣ

Инкори нахли қомат мавзун накарда кас