Хиромон омад аз май дар сари оташ
Чу ӯ омад даромад аз дар оташ
Бунафша карда хандон бар биногваш
Чу бар тарафи каллаи нилӯфари оташ
зи рангомезӣ он зулфу рухсор
Самандар карда аз хокистари оташ
Лабаши афрӯхта аз хандаи миҷмар
зи ишқаши сӯхтаи авдтар оташ
з ҳар сӯи ҳиндӯии оташи парастӣ
Ба гирди оризаши рақсон бар оташ
Бирав парвонаи ҷони афшон ва аз рашк
Фишонд шамъ ҳар дам бар сари оташ
Агар он бути халил аллоҳ бисӯзад
Баради баҳр хуш омад озри оташ
Гар инкор оварад , он лаб аҷаб нест
Ки рӯҳ аллоҳ занад дар мо дар оташ
Агар дӯзах ба он лаби брФрўзнд
Гул ва райҳон шавад бар кофари оташ
Ба ҷинати сӯзи ишқаш гар набошад
Шавад бар муъмини оби кавсари оташ
« назирӣ » коми дил аз сӯхтани ҷӯй
Шавад парвонаро болу пари оташ