Базм месозем сомон гар набошад гӯ мабош

Нӯш мегӯйем меҳмон гар набошад гӯ мабош

Ҷуръаи дарду ҳаёти талх қисмат карда анд

Айши Хизру оби ҳайвон гар набошад гӯ мабош

Ғамзаро фарҳангу дониш тарҷумонӣ ме кунад

Чашми ҳиндӯи форсии дон гар набошад гӯ мабош

Зулфи байни сунбул дар оғӯш ар нагардад гӯ нигарад

Рухи нигари гул дар гиребон гар набошад гӯ мабош

Чашми моро зи об рӯй ӯ гулӣ хоҳад шкФт

Донае дар хок агар пинҳон набошад гӯ мабош

Захми мижгони араби баҳри қабули каъбаи бас

Дар қадами хори муғелон гар набошад гӯ мабош

Сад хато дар кор дорем аз барои афв ӯ

Заъфи сидқу нақзи паймон гар набошад гӯ мабош

Гар ба зоригар ба ранҷурӣ ба ёдаш хуррамем

Умри дардаши бод , дармон гар набошад гӯ мабош

Роҳ беводӣ ва беманзил « назирӣ » ме рӯем

Ишқ раҳбар гашта имон гар набошад гӯ мабош