Парвонаему шуъла буд ошёни мо
Об аз шарор ашк хӯрд гулистони мо
Мӯрем ва дар гузори шукр аўФтодаҳ ем
Дар роҳ поймол шавад корвони мо
То бо насиб сохтаанд аз ҳаловатӣ
Ҳамчун рутаб шикофтаанд устихони мо
Зиҳ дар гулӯӣ мо кунад аз кӣнаи рӯзгор
Бинад агар дурусти тан чун камони мо
Хуршеди умр бар сари девор ва хуфта ем
Фарёд аз дарозии хоби гарони мо
Сад мавҷро з рафтан худ музтариб кунад
Мавҷӣ ки бар канор равад аз миёни мо
Бас дар димоғи ҳмнФсон мағз сӯхтем
Дар дидаи хоб талх кунад достони мо
Дар перӣ аз ҳазор ҷавони зинда дил тарем
Сад навбаҳори рашки барад бар хазони мо
Завқӣ ки ҷо ба водии маҷнӯни гирифта буд
Имрӯзи мӯътакиф шуда бар остони мо
Дар ҳайратам ки ғунча ба булбул чигуна гуфт
Розӣ ки бод ҳам нишинад аз забони мо
Бунёди мо харобии мо устувор кард
Гӯйӣ ки суди мост « назирӣ » зиёни мо