Лутф май хӯн дар раги афсурда май орад ба ҷӯш
Қавл ноӣу чанги табъи мурда май орад ба ҷӯш
Наргисаши ҳргаҳ ки мебинад ба сӯии сунбулаш
Маҷмаъи дилҳои бар ҳам хӯрда май орад ба ҷӯш
Шаб ба мастии пурсиши мутриби раҳ ҳарфам гушӯд
Самъи донои нуктаи парварда май орад ба ҷӯш
Нест моро дар салоҳи кори мо ҳеҷ ихтиёр
Панд бе дардони дили озурда май орад ба ҷӯш
Қавли мо софаст дар майхонаи мо дард нест
Пери мо дар хами ънби афшурда май орад ба ҷӯш
Саҳл набӯд куштани мо кофарон огоҳ мабош
Қатли мо дар хоки хӯни мурда май орад ба ҷӯш
Ёр чун гарм ғазаб гардад « назирӣ » лаб бабанд
Шикваи хуй дар тоб оварда май орад ба ҷӯш