Бастам дар тасарруф гуфт ва шунид хеш

Додам ба қабзу басти ту қуфли калиди хеш

Рафтам ба оҳ ва нола кунам сози хилватӣ

Барадами зи маҷлиси ту ншид ва набед хеш

Шаб аз хаёли васли ту хобам наме барад

Чун кӯдакони зи хўшдлии рӯзи иди хеш

Бо сад ситора сӯхта дорад қарина ам

Дар миннатами зи ахтари бахти Саиди хеш

Тарсам ки ё рӯзи ҷазои сар ба сар кунад

Бо завқи теғи хеши савоби шаҳиди хеш

Чл сол шуд ки марсия хонам ба фӯти умр

То кӣ ба савт хеш сароем ншиди хеш

Шуд умру қайди бандагӣ аз гарданам нарафт

Сармояи бохатм ба фурушу хариди хеш

Талхи Масеҳ аз чаҳ чашми ман ки дида ам

Дар нестии хеши алоҷи муфиди хеш

Аз ҷони ғуломи пери Муғонам ки халқ ӯ

Кардаст мункирони ҷаҳонро мурӣди хеш

Ҳаргизи назари ду ҷилва ба як ранг азу надид

Ҳастам ҳамеша дар ғалат аз саҳв дид хеш

Савдоӣ чун туе ба « назирӣ » куҷо расад

Сад шаҳри муштарӣ ва ту дар ман язиди хеш