Ҳарифи худ шӯ ва ё худ барор ози хилвати хос
Чу сарв бош ки ҳаст аз ҳавои худ раққос
Нишон надода гиронмоятар зи ту гуҳарӣ
Аз он замон ки ба ин баҳр меравад ғаввос
Ба ҷурми як назари ногаҳон ки афкандам
Макаш ки муфтии дайн бар хато накард қисос
Накардаам назари илтифот бар амалӣ
зи бими он ки мушавваш нагардадам ихлос
Фишонам ар ба ҷамоли ту ҷон ҳануз кам аст
Марои нишоти ту аз қайд хеш кард халос
Муқаррабони ту аз чашм халқ пинҳонанд
Авомро набӯд роҳ бар мақоми хавос
Агарчӣ на фалак аз хоссагон даргоҳанд
Валек ҳаст « назирӣ » ғуломи хоси алхос