Ҳамеша хандаи шодӣ ба он лабони махсӯс
Фиреби ҳасан ба иқболи ҷовдони махсӯс
Дар ту қиблаи умедҳои рӯҳонӣ
Сари ниёз ба он хоки остони махсӯс
Шикояти ту чу фикрами зи мағзи бегона
Муҳаббати ту чу мағзам ба устихони махсӯс
Ғамии фитода ки бо тоирони ваҳшии дил
намешавем ба ҳам дар як ошёни махсӯс
Шудем ҳар дарӣ аз шоҳидон ҳарҷое
На май ба майкада на гул ба гулистони махсӯс
зи тӯли рӯзи қиёмати аҷаби ҳросонм
Ки рӯзи ҳиҷр ту бошад ба ин нишони махсӯс
Ба ҳоҷатам нарасад гарчи шуд ба хизмати ту
Ба ошноӣии оҳи ман осмони махсӯс
зи ту рагам ба рагу мӯ ба мӯӣ дар сухан аст
Ҳикояти ту ҳамин нест бо забони махсӯс
зи номаи ту муаттари бағал « назирӣ » ро
Чу гули фуруш ки бошад ба боғбони махсӯс