Ҳукми ҷафои саҳеҳу умеди вафои ғалат
Таъбири ту дуруст вале хоби мо ғалат
Таҳи косаи саги ту ба мо кас наме диҳад
Лофи гадои зи мкрмти подшои ғалат
Як фоли хуб рост нашуд бар забони мо
Шавамӣ ҷғди собиту Ямани ҳумои ғалат
Дар илтимоси мо сухани дӯстони дурӯғ
Дар эҳтиёҷи мо мадади ошнои ғалат
Охир аз он ҷамоли фурӯғии далели соз
Дил карда раҳ дар он сари зулфи дўтои ғалат
Ҳарчанд мо ба ғул ва ғаш ойем дар назар
Аммо ба хосият накунад кимиёи ғалат
Онҷо ки ҳалу ақд ба раду қабули тест
Ҳукми ситораи ботилу илми қазои ғалат
То саҳви кори мо зи ту ислоҳ ме шавад
Хоҳем дайгарӣ накунад ғайри мо ғалат
Ҳиммати з май фуруш « назирӣ » талаб ки ҳаст
Ахбори Хизру чашмаи оби бақои ғалат