з ошиқ мешавад маъшӯқро ному нишони пайдо
Самар некӯ наёяд то нагардад боғбони пайдо
Худиҳо маҳв гардадгар ту аз рух парда бурдорӣ
Гумон пӯшида гардад ҳар куҷо гардад аёни пайдо
Ман он рӯзӣ ки бар рух фитна мешуд зулф ме гуфтам
Ки рӯз хуш нахоҳад гашти ҳаргиз дар ҷаҳони пайдо
Дар он саҳроӣ бепурсиш ки раҳзан роҳбар бошад
Дил маҷрӯҳ гардад корвон дар корвони пайдо
Табигар ориз ҷисмам шавад онро давои созам
Чаҳ созами сӯзи ишқиро ки шуд дар устихони пайдо
Таманнояш чу гардад гирди хотири музтариби гирдам
Чу муҳтоҷӣ ки гардад дар сароиши миҳмони пайдо
Бағал аз номаи аҳбоб пар кард ва наме хонд
Ки метарсад шавад мактуби ман ҳам дар миёни пайдо
намедонам зи ман дар ҷони сипориҳо чаҳ нуқсон шуд
Ки аксар мешавад аз бадгумонии имтиҳони пайдо
« назирӣ » сӯй ӯ кам рӯ ки имрӯзаст ё фардо
Ки аз хокистарат ҳам нест дар кӯяши нишони пайдо