Гули халъат нав дод дигар шохи куҳан ро

Бар салтанати ҳасани сҷли сохт чаман ро

Шохи гули хуши бӯ ба раҳи боди саҳаргоҳ

Багушӯд сари нофаи ғизолони хутан ро

Шуд лола ба хамёза ба ёд май лаълат

Аз бодаи лаболаб чу қадаҳ дид даҳан ро

Афрохт суроҳеи сару гардан ба тавваҷуҳ

То хуш ба каф маст диҳада ҷоми зқн ро

Сар то қадами не ба тамошо нигарон шуд

То хуб диҳад чанг ба мутриб бирав тан ро

Ҳурони баҳорӣ ба нисор майу мутриб

Дар бӯса гирифтанд саропои чаман ро

Дар аҳд майу нағмаи з бас дид дурустӣ

Сунбули зи хами ҷаъд бурун кард шикан ро

Гулбарги биногваши рахт буд муносиб

Гул даст шуду баст бар ӯ зулфи расан ро

Бар гӯш хӯрд наъраи аҳсант « назирӣ »

Пурсӣ агар аз мурдаи садсолаи сухан ро