Ба фолӣ аз лаби ту то абади ҳумои қонеъ

Ба як нигоҳи зи чашми ту подшои қонеъ

Ҷаҳону охират аз рондагон роҳ тавонад

Ду олам аз ту ба як ҳарфи ошнои қонеъ

Фурӯғи рӯзи ту бар фарқи мо наме тобад

Ба накҳат дам субҳем аз сабои қонеъ

Китоби қавл ва ғазал карда ишқ мо нишуем

Ба обу дона чу мурғон бе навои қонеъ

Сафои фитрат мо карда хоки мо эксир

Нагаштаем ба найранги кимиёи қонеъ

Ҳавои чашма об бақост дар сари мо

Куҷо шавем ба ҳар об ва ҳар ҳавои қонеъ

Ғубори дидаи мо бараду қадар худ бинмуд

намешавем зи исо ба тўтёи қонеъ

Тафаққудӣ нанамое таъаррузӣ фармо

зи шукри ту ба талхӣ шавад гадои қонеъ

Чаҳ ранҷҳо ки « назирӣ » зи аҳд дӯст надид

Пас аз ҳазор бало шуд ба як атои қонеъ