Пои кӯбони дасти афшон дар самоъ

Май хиромад бар дилу ҷон дар самоъ

Турраи ъамома бешан ме кунад

Зулфу дастори парешон дар самоъ

Сӯфӣ аз чок гиребон бинадаш

намешавад аз хирқаи урён дар самоъ

Аз май андеша худ гашта маст

Ҳаст худ пайдоу пинҳон дар самоъ

Зоҳид тасбеҳ хон бар ёд ӯ

Ояд аз ноқавси рҳбон дар самоъ

Исо аз чарх чаҳорум бугзарад

Гар занад дасташ ба домон дар самоъ

Ҷбриил аз сидра май орад ба хок

Чун шавад маст ва ғазал хон дар самоъ

ӯ чу чавгон по зада бар фарқи мо

Мо чу гӯ аз захми чавгон дар самоъ

Бехудиҳои « назирӣ » оварад

Бахя бар чоки гиребон дар самоъ