Фиреби духтари рузи хўоҳшисти номсмўъ
Ба шаръи ғайрати мо , дар талоқ нест руҷӯъ
Агар ба шиша шавад май парӣ наме арзад
Ба нозҳои хумораши киришмаҳои тулӯъ
Гул аз киришмаи дамӣ аз фасод бозояд
На оқиласт ки бовар кунад ба фарзи вуқуъ
Ману хирад ки машйат ба нур ӯ аввал
Дар офариниши афлок ва арз кард шурӯ
Чиҳил сабоҳ ки маъҷуни халқ парварданад
Ҳаким карда ҳамин нашъаи ҳосил аз маҷмӯ
Чунон ки хавфу раҷо аз натоиҷ хираданд
Буд натиҷаи хавфу раҷои хузўъу хушўъ
Агар хирад нанамояд раҳи савобу уқоб
зи қалби ишқ наме хезаду зи айни дмўъ
Нигоҳи марди хирадманд бар ҳақиқати кор
Фақиҳи мадрисаи дармондаи усӯлу фурӯъ
Ба ақл низ « назирӣ » наме тавон растан
Магар ба ҷазбаи ишқат хато шавад мрФўъ