Ҷузи номи санам нақш макун лавҳи ҷабин ро
То чап накунӣ рост нахонанд нигин ро
Аз шавқи шаҳидони ҳарими сари кӯяш
Чун дона дар оғӯш нагунҷанд замин ро
Пайдост раҳои ман аз заъфи вуҷӯдам
Раҳи зуд ба сар мерасад овози ҳазин ро
Ман дом ба нхҷиргаҳ андохта будам
Шер омад ва бигирифт зи ман дому камӣн ро
Обӣ ба рух аз обила гуфтам бирасонам
Водӣ ба раҳами рехти туфи обилаи чин ро
Бо теғ ба таслимам ва бо хасм ба шафқат
Бо меҳри бадали сохтам аз ишқи ту кин ро
Беруни нуҳум аз хеш агар пой « назирӣ »
Як пояи фурӯтар бунаами арзи барин ро