Расед фасли гулу айши гулшанами наздик
Гулам ба хирману хирман ба доманами наздик
Рафиқ ! баҳри худо , рӯи бурун дар биншин
Ба хилватам мева ёрасту душманами наздик
Ба ҳилаи шамъ дигар мефурухтам афсӯс
Ки офтоб баландасту равзанами наздик
Чу шамъҳо ба сар ҳар мазор сӯхта ам
Ки бардаанд чароғӣ ба равзанами наздик
Ба бути парастӣ агар сари кор худ гӯям
Дигар ба бут нагузорад брҳмнми наздик
Чу марди хилвати инсами камоли бахт ман аст
Агар фитад гузари шаҳ ба гулханами наздик
Сазад чу фохтагар тавқам аз гулӯи равед
зи бас ки ҳаст ба қайди ту гарданами наздик
Касе мусӣбату сур маро наме донад
Ки ҳаст савти сарварам ба шеванами наздик
Ба саҳни мазраъам эй абри раҳмати обии рез
Шабасту омадаи оташ ба хирманами наздик
з ҳимматаст « назирӣ » ки мондаам зи талаб
Намӯда оташи водии эминами наздик