Нахусти ишқ ба майхона кард нузул
Ба гирд мадриса гардиданаст номаъқӯл
зи роҳ зарбат дастаст рақс бе ҳолон
Самоъ ишқ нахезад магари зи асли усӯл
Каминаи булъаҷабӣ , дар диёри ишқ ин аст
Ки ҳокимӣ шавад аз ҳукми кӯдакии маъзул
Аз он азизи хроботёни шудем ки мо
Адаб нигоҳ надорем , дар хурӯҷу духул
Буруни зи дилбари шаҳрӣ , даруни зи шоҳиди ғайб
Гунаҳ ба таври маломати кашон буд мақбул
Матоъ ҳар ду ҷаҳонро ба як гадои бахшем
Гар аз ҳазор таманно , яке расад ба ҳусӯл
Баланд шуд сухани ишқ , лек маъзӯрем
Ки нест рухсати гуфтори ҷуз бақадр уқул
Ғарази гадоӣ дар дӯст бӯданаст арнаҳ
Ба ганҷ ҳо накунем илтифот бар масъӯл
Хамӯш то нашносад касе « назирӣ » ро
Чаҳ лозимаст ки маълум гардад ин маҷҳӯл