Субҳ чу дам баровард ҳамраҳе сабо кунам

Дар хами зулф ӯ рӯми уқда ба уқдаи вокнм

Дили зи кушоди абрӯяши рафта ба чоҳи ғабғабаш

Чанг ба чини зулф ӯ гар назанам хато кунам

Кӣ шавад ин камон ба зиҳ ? раҳ гар ҳаст бар гиреҳ

Тири фалак наме ҳиллади уқдаи зи ҳам ҷудо кунам

Ҷуз ба анояту карами аҷр амал наме диҳанд

Ёр ба муддао шавад , кор ба муддао кунам

Ҳамдами боди субҳдам , бе худу маст май рӯм

Гар ба дарахти гули расм , перҳанаш қабо кунам

Назр ризоӣ ӯст ҷон , вақфи иродаташи равон

Умр агар вафо кунад , ҳақи вафо адо кунам

Шуълаи нор агар шавад , дар дили мум дар шавам

Кӯшаму пар бароварам тозаму ҷон фидо кунам

Номаи барӣ гар оварад , номае аз диёр ӯ

Бас ки зи меҳри соимш бар мижа тўтё кунам

Чун ба рақами зи сӯй ӯ , посух нома ам шавад

Бӯса ба дасти худ занам , бар лаб ӯ сано кунам

Бас ки ба завқ бугзарад зиндагӣам ба меҳр ӯ

Баҳри ҳаёти хештани шаби ҳамаи шаб дуо кунам

Рафта ва карда неку бад , умр ба ишқ ӯ гузашт

Шукр кунам бидонча шуд , то пас азин чаҳ ҳо кунам

Карда ниёзи дили асар , ром шудаст бо назар

Бош « назирӣ » ин қадар , то ба худ ошно кунам