Мо ҳоли хеш бесар ва бепо навишта ем
Рӯзи фироқро шаби ялдо навишта ем
Қосид ба ҳуш бош , ки бар як ҷавоби талх
Арзи ҳазор гӯнаи таманно навишта ем
Ширинтар аз ҳикояти мо , нест қисса Эй
Таърихи рӯзгор , саропо навишта ем
Рӯй накӯи муолиҷаи умр кӯтаҳ аст
Ин нусха аз алоҷи масеҳо навишта ем
Таҳқиқи ҳоли мо зи нигаҳ метавон намӯд
Ҳарфии зи ҳоли хеш ба симо навишта ем
Бар мо мусалламаст ки маншури ростӣ
Баси вожгӯнтар аз хати тарсо навишта ем
Мо аз хати пиёлау маъшӯқ , нагузарем
Дарси салоҳ то ба ҳамин ҷо навишта ем
Ҳрсў ки кардаем равони киштии умед
Тӯфон ба боду шӯр ба дарё навишта ем
Ҳар ҷодуӣ ки калак « назирӣ » намӯда аст
Худ кардаем ботил ва худ вонўштаҳ ем