намегардид кӯтаҳи риштаи маънӣ , раҳо кардам

Ҳикоят буд бепоён , ба хомӯшӣ адо кардам

Ба лиззат будгар лухти ҷигаргар пораи дил буд

Намак рафт аз сухан , то бо такаллуф ошно кардам

Дарин дукони косади сад ҳунар бе як сабаб ҳиҷ аст

Ба миси муҳтоҷам акнӯн , гарчи мисро кимиё кардам

Хаданги ҷаъбаи тавфиқи имшаб дар камонам буд

Ғизолам дар назар бисёр хуб омад хато кардам

Шаҳодатро иваз , фирдавс ҷонон дод дар маҳшар

Дяти худ буд хӯнамро ғалат кардам баҳо кардам

Шабами хуш буд ва чашмам дошт алҳақ гиряи гармӣ

Шикоят буд бар лаб , ёд ӯ кардам дуо кардам

Гиреҳ некӯ намезебед он абрӯии зебо ро

Агар афсун ӯ ,гар саҳари Бобул буд вокрдм

Ба ҳар корӣ ки ҳиммат май гумории нусрат аз ҳақи ҷӯ

Ки бар гунҷишки доми афкандаму сайд ҳумо кардам

зи кӯии ёр чун ту , дарҳам ва ошуфта ме омад

« назирӣ » касби сад гулзори имрӯз аз сабо кардам