Аз мо ҳазар ки дасти зи одоб шаста ем

Шарм аз дилу забон , ба май ноб шаста ем

Аз як ҳадиси лутф , ки он ҳам дурӯғ буд

Имшаби зи дафтари гилаи сад боб шаста ем

Имрӯзи об дида надорад асар ки дӯш

Талхии гиряро , ба шукри хоб шаста ем

Аз рангу буии гиряи мо даври доманат

Сад орзӯии куштаи дарин об шаста ем

Аз айш мо мапурс « назирӣ » хабар ки мо

Чун Хизри лаби з чашма ноёб шаста ем