Сӯзан ба дил аз бахя ва пайванд шикастем

Аз бе ҳунарии даст ҳунарманд шикастем

Дар ишқ ба комӣ нараседем ки бисёр

Аҳди падару хотир фарзанд шикастем

Аз баҳри ниҳолӣ ки нишондем ба хотир

Баси шохтару нахл барӯманд шикастем

Мо ҳалқа ба гӯши сухани ишқ ва ҷунунем

Дар ҳуққаи нисёни гуҳар панд шикастем

Имрӯз нашуд нақли азизони гилаи мо

Сад бори ман ва ту ба ҳам ин қанд шикастем

Ҳаргоҳ шунидем зи ихлоси ҳадисӣ

Тарафи каллаии пеш худованд шикастем

То рӯзи мкидими сарангушти ҳаловат

Зон қанд ки имшаби з шикарханд шикастем

Гуфтем ба шодӣ машав олӯда « назирӣ »

Лаб хуш нашуд аз ханда ва савганд шикастем