Имшаб хуш ошност ба рӯйиши нигоҳи мо

Гуё ҳиҷоби сӯхта аз барқи оҳи мо

Аз бас ки май шудем ба ҳасрати ҷудои азу

Хӯн мечакид рӯзи видоъ аз нигоҳи мо

Шуғл муҳаббатаст ки монеъи з тоъат аст

Рӯзи ҷазо басаст ҳамин узрхоҳи мо

Дӯзах агар ба чошнии оташ дил аст

Аҳли биҳишт рашк баранд аз гуноҳи мо

Дил беғамат мабод казин файз гашта аст

Раҳмати туфайлии нафаси субҳгоҳи мо

Сдсили васли омада ва сад кишт тоза шуд

Ҳаргиз набӯд нашаву намо дар гиёҳи мо

Мо нахл мотамем « назирӣ » зи мо ҳазар

Ғамгин шавад касе ки буд дар паноҳи мо