Ҳргаҳ рақам кунам ба ту узри гуноҳ ро

Резам чу хома аз мижаи хӯни сиёҳ ро

Шояд ки шарми зиллати моро гарон харанд

Он ҷо ки хирманӣаст баҳои барги коҳ ро

Мутриби раҳи самоъ ба оҳанг ме занад

Сӯфии хонақоҳ ғалат карда роҳ ро

Он орифон ки дар рамазон бода ме хуранд

Бенанд дар зулоли қадаҳи акси моҳ ро

Миъроҷи мо ниҳояти афтодагӣ буд

Дар ишқи қурби сидра буд қаъри чоҳ ро

Он ҷо ки бе тафовутии вусъ раҳмат аст

Бадхоҳ инфеъол диҳад неки хоҳ ро

Ишқ омад ва ба хирқа пашмин фурухтем

Ташрифи шоҳи Акбару аббоси шоҳ ро

Кардем хоки масканату нестӣ ба сар

Таъзими садру манзалати боргоҳ ро

Саргаштаанд халқ « назирӣ » биё ки мо

Равшан кунем замзамаи хонақоҳ ро