Ман рӯзи раҳи хона хумор надонам
Мастӣу тараби ҷуз ба шаб тор надонам
Масти омадаму масти азин марҳала рафтам
Ман қофилау қофила солор надонам
Пайдост ки бар киштии сад пораи саворам
Поу сари ин қулзуми хӯн хор надонам
Неи касб камолӣ шуду неи таии тариқӣ
Аз роҳи биҷузи ҷунбиш ва рафтор надонам
Чун кӯдаки пурхашм буд гиряи ҳадисам
Сад арз ҳавас дорам ва гуфтор надонам
Умрам ба сафири қафас ва дом гузаштаст
Ман замзамае дар хур гулзор надонам
Дар сардии ҳангомаи ҳамин коми фурушам
Ман гармӣу ширинӣ бозор надонам
Хомӯши зи ғавғо ки дарин боғ « назирӣ »
Як нағма ба сад шох сазовор надонам