Каъба ва дайр шудам сад раҳу вайрони гаштам
Борҳои маъбади тарсоу мусулмони гаштам
Боди хокам ба ҳавои барад ва парешонам кард
Атри тарафи чаману гирди биёбони гаштам
Нафасӣ аз гулу обам , нафасии зи оташу бод
Нашудам ҷамъ азон бас ки парешони гаштам
Силӣ наҳй фузулии зи сулӯками андохт
Чашм тарсидатар аз Тифли дабистони гаштам
Бозии нафаси зи таълими гуҳи ақлами барад
Гарчи садбор ба дили дасту гиребони гаштам
ТўФу саъии ҳарам ишқ наёварда биҷой
Ташнаи замзами он чоҳи занхдони гаштам
Умр бигузашту харидор ба ҳеҷам нахарид
Кори бад буд ва бар хеш ба товони гаштам
Пардаам аз рухи аъмоли надомати бардошт
Хаҷал аз тоъати олӯда ба исёни гаштам
Дил гирифтам зи кафи деви ҳавои охири кор
Соҳиби ҷоми ҷаму меҳри сулаймони гаштам
Зебад ар зевари дӯш ва бар ҳурони гирдам
Ки ҷило ёфта аз хори муғелони гаштам
Агар аз завқ « назирӣ » бФтодм чаҳ аҷаб
Тифл будам ки ғазали гӯйу схндони гаштам