Мубин ба раду қабулам ки никхўоаҳи туам

Агар бади ду ҷаҳонам ки дар паноҳи туам

Мапуаш чашми зи ҳолам ки аз парешоне

зи дидаи ту гурезонтар аз нигоҳи туам

Ба гирди кӯии ту гирдами насими даргоҳам

Ба ҳеҷ дар нанишинам ғубори роҳи туам

Ҳазор захми ситам хӯрдаам расида ба ту

Намонда қӯт рафтани зи сайдгоҳи туам

Суварнигор сад афсонаи парешонам

Ки дар саводи шаби турраи сиёҳи туам

Куҷост ҳиҷр казу интиқоми хеши кашам

Ки дар ҳимояти мижгони кӣнаи хоҳи туам

« назирӣ » аз ки гузаштӣ ? дигар киро дидӣ ?

Ки бози сӯхтаи шуълаҳои оҳи туам