Даҳшат аз сайдам макун безахм корӣ нестам

Худ шикор кас шавам шер шикорӣ нестам

Мағзи афрӯзади шамему кишти сӯзади шабнамам

Оҳи меҳнат дидаам бод баҳорӣ нестам

Худ ба хӯни хеш май ҷӯшам чу саҳбо дар сабу

Зини ҳарифон аз касе мамнӯн ёрӣ нестам

Ба ки аз ман кам расад заҳмат ба садри эътибор

Пар ба танг аз гӯша беэътиборӣ нестам

Огаҳӣ бахшаст ҳолам , панди даҳ бенаӣам

Дар сари мағрур кам аз ҳӯшёрӣ нестам

Фаслҳо аз саргузашти ноумедӣ хонда ам

Гӯш бар афсона умедворӣ нестам

Ҳарчӣ мегуяд забонам карда иншои котибам

Ҷузи рақам аз хома беихтиёрӣ нестам

Интизор ваъда дорам дар адои воми дӯст

Бади адои вақти талаб дар ҷонспорӣ нестам

Хуии шармами пндгиронро « назирӣ » бар ҷабин

Гарчи дорам манфиат бешармсорӣ нестам