Ба дил фигор дорам гила бениҳоят аз ту
Ба кадом умедворӣ накунам шикоят аз ту
Ба ҳазор ҷони сипории з ҷафо наомадӣ боз
Шудаи ноумеди дигари дили ман ба ғоят аз ту
Сару барги ман надорӣ ба куҷои рӯм ? чаҳ созам ?
Дили пари шикоят аз ғами лаби пари ҳикоят аз ту
Ту ба ханда лаб биҷунбон дилу ҷон ба ту мусаллам
Ту ба раҳм оштӣ кун ман ва ин вилоят аз ту
зи рақиб агар таназзул накунам чаҳ чораи созам
Ки агар ба хӯн бигардам нарасад ҳимоят аз ту
Ба азин наметавон шуд ки насиб шуд зи аввал
Гунаҳу ҷиноят аз ман караму аноят аз ту
Дам марг шуд « назирӣ » зи ҷафоаши дил тиҳӣ кун
Ки ба рӯзи ҳашар ҳарфӣ накунад сироят аз ту