Дар банди ту занҷири гирифтори шикаста

Зиндон шуда сад рахнау девори шикаста

Зин беш шикарханда ҳаловат нафурӯшад

Тӯтӣами зи шукри сари минқори шикаста

Аз бас ки Аннани печад азон чеҳраи нигоҳам

Хори мижа дар дидаи хўнбори шикаста

Сад қофилаи нози гушӯда ба дилами бор

Савдои туро равнақи бозори шикаста

Берун кунам аз тан ба сари нохуни ғайрат

Ин хор ки дар синаи аФгори шикаста

Не ҷома кунам порау не сина кунам чок

Дерӣаст дилу дастами азин кори шикаста

Дили хастаи зи бечорагии чораи гаронам

Андӯҳи табибони дили бемори шикаста

Паймонаи паймони ту аз банди азизон

Андак шудаи пайваста ва бисёр шикаста

Паймони ту ҷой аҷабӣ нест « назирӣ »

Хуш бош ки аҳд аз тарафи ёри шикаста