Дар аҳди ту як сар ба гиребон нарасида

Каши чоки дил аз сина ба домон нарасида

Маҳмӯди парешони сар зулф Аёзаст

Корӣаст муҳаббат ки ба сомон нарасида

Маҷнӯн нашуд оромпазир аз рухи Лайлӣ

Дрдисти ҷудоӣ ки ба дармон нарасида

Ҳар қатрае аз чашми терм сайл ҷаҳонӣаст

Ҷое расад ин гиря ки тӯфон нарасида

Дерӣаст ки аз нигаҳати пероҳани Юсуф

Бӯе ба сӯии кулба аҳзон нарасида

Бас каз расани зулфи гиреҳи гири ту бандем

Моро наме аз чоҳ занхдон нарасида

Моиему китобӣу чароғӣ ки фурӯғаш

Аз хонаи торик ба айвон нарасида

Сад бори зи оғоз ба анҷом расонадем

Афсонаи дардӣ ки ба поён нарасида

Фарёд ки таии гашти раҳи умр « назирӣ »

Ин ҷони ?илами дида ба ҷонон нарасида