Дил бар ин нохуш ошиёна манеҳ

Чашм бар шафқат замона манеҳ

Ногаҳон мезананд табли раҳил

Рахти худ ҷуз бар остона манеҳ

То кафофӣ ва шоҳидӣ бошад

Пой бар остон хона манеҳ

Бадара то даст дар миён дорад

Бодау чанг бар карона манеҳ

Майу маъшуқаи шабона хуш аст

Нону пиҳи оба шабона манеҳ

Мурғи дили дор аз қафаси озод

Бар дар хонаи об ва дона манеҳ

Гӯш бар нағмаи ағонӣ на

Чашм бар ҷуръаи муғона на

Дайр ё зуд мерасад рӯзӣ

Бар ҷаҳони қаҳт ҷовдона манеҳ

Ҳарчӣ дастат диҳад никуӣ кун

Узр пайдо макун баҳона манеҳ

Асари зиндагӣ ба гӯр фирист

Аз паии мурдагӣ нишона манеҳ

Ишқи ҳамроҳи барнамеи тобад

Пой дар раҳ ба ҷуз ягона манеҳ

Бо « назирӣ » нишину ваъзи шинав

Гӯш бар ҳарза ва фасона манеҳ