Ғам ба сазо додае дил ба наво карда Эй

Аз ту пазируфтаам ҳарчӣ ато карда Эй

Ҷузи гулу барги ризои ҳосил таслим нест

Бехи ситами кандае қатъ ҷафо карда Эй

Навбат шодӣ задем бандагӣ аз мо нарафт

Шуҳра ба доғи тўоим гарчи раҳо карда Эй

Ҷуфти бало чун шудем гарна ба рӯзи аласт

Мо ки балӣ гуфтаем фаҳм бало карда Эй

Ҳаркии ту радаш кунӣ муфт нагирад касе

Ҳам ту ба ҳеҷам бихар чун ту баҳо карда Эй

Ишқи ту мастӣ ба халқ бе май ва соғар диҳад

Бар дар майхонаам аз чаҳ гадо карда Эй

Ҳаркии ҷамол ту дид давлат ҷовид ёфт

Сояи зулфи сияҳи пар ҳумо карда Эй

Мо зи қусӯри адаби ғарқ гунаҳ гашта ем

Ту зи алавии ҳаёи стар хато карда Эй

Ғоибу ҳозир ба мо дар ҳама ҷо бӯда Эй

Пушт ба ту кардаем рӯй ба мо карда Эй

Гиряи шаб рӯ кунад шаҳнагии дил чаро ?

Мардумаки дидаро лаъл қабо карда Эй

Қатъ маваддат намой ёр « назирӣ » мабош

Соягар аз офтоби ҳеҷ ҷудо карда Эй