Дили шикаста буд тӯҳфаи хазинаи мо
Нигини малики тавон сохт зи обгинаи мо
Чароғи савмиъаҳо зинда ме тавон кардан
Ба дӯстии ту , яъне ба сӯзи синаи мо
Ту кори ғайб чаҳ доне ки чист ? таъна мазан
Ки ҷуз ба маслиҳатӣ нашканад сафинаи мо
Макун ба куштани мо машварат ки то будаст
Ба фоли дӯсти мубораки набӯдаи кӣнаи мо
Ҳазор кори дуруст аз шикаст мо гардад
Тилисми мо шикану брхўр аз дафинаи мо
Ягонаем ба бе қадре арча бар дар дӯст
Ба қадари зарра тавон ёфтан қаринаи мо
зи баъди каъба « назирӣ » зиёрат мо кун
Ки дилбарӣ намакинаст дар Мадинаи мо