Чанд моро ба мудороу фусун банд кунӣ ?

То кӣ ин ришта шавад пора ва пайванд кунӣ ?

Нигаҳи биҳдаҳ бар домани мижгони дузӣ

Хандаи сохта бар гӯшаи лаб банд кунӣ

Ин шкрпораҳи фурӯашони ҳамаи ъёроннд

Бар ту ҳайфаст ки дил дар гарав қанд кунӣ

Гар кунӣ ҳам нафасӣ бо адаб омӯзон кун

Брхўрӣ чун талаб аз нахл барӯманд кунӣ

Табъи нодон сбксор нагирӣ зинҳор

Вазни худ рост ба мизон хирадманд кунӣ

Панд ман бишинав ва бар чеҳра фишон гиряи талх

Кин на ҳазласт ки таҳсин ба шикарханд кунӣ

Хаҷал аз карда худ то нашӯй май бояд

Ҳаламро бар ғазабу хашм худованд кунӣ

Беҳтар аз суҳбати арбоби хиради бгзинӣ

Тарки ҳам базмии пуршӯру шарар чанд кунӣ

Ганҷ беранҷ « назирӣ » чаҳ буд май доне ?

Биншинӣу дил аз васваса хурсанд кунӣ