Ба мӯеи бастаи сабрам нағма тораст пиндорӣ
Дилам аз ҳеҷ май ранҷад дил ёраст пиндорӣ
Ба таҳрики насимии хотирам ошуфта ме гардад
Ба хўдроиии сар зулфин дилдораст пиндорӣ
На пандам медиҳад судӣ на корами рости беҳбӯдӣ
Дилӣ дорам ки ҳар имсол ӯ пораст пиндорӣ
Нанӯшам то қадаҳ бар ман дарӣ аз ғайб накушояд
Калиди равзанам дар даст хумораст пиндорӣ
Чунонам бо сари зулфи санами сарришта муҳкам шуд
Ки рагҳои танам пайванд зуннораст пиндорӣ
Ба навъе таъни мардумро ҳадафи гаштам ки домонам
зи санги кӯдакони домони кҳсорсти пиндорӣ
Фалакро дидаҳо бар ҳам намеояд шаб аз кинам
Чунон ҳушёр май хобад ки бедораст пиндорӣ
Ғами хӯни хор навъе дар қафои ҷонами афтода
Ки ӯро дар ҷаҳон бо ман ҳамин кораст пиндорӣ
« назирӣ » булъаҷаби ширину нозуки нукта май оре
Туро шукр ба хирман , гул ба харвораст пиндорӣ