Чамани қрбонгаҳ дунёӣ хунхораст пиндорӣ

Дариғо гул ки шох гулбунаш дораст пиндорӣ

Саҳар мегуфт бо парвонаи булбули ҳол ва ме нолид

Ки гул шуд зуди охир шуъла хораст пиндорӣ

Ба суръати ончунон савдоӣ бустон мешавад охир

Ки атфоли чаманро гул ба бозораст пиндорӣ

Гулу наргиси баҳои бустон ҳар саҳар махмур ме хезанд

Калиди боғбон дар даст хумораст пиндорӣ

Чунонам мегазад акнӯн тамошои чаман кардан

Ки шакли ғунча бар гулбун сар мораст пиндорӣ

Назар май бандам аз гулзору нақши ёр май байнам

Ба чашмами ҳаркии ғайр аз ёр , ағёраст пиндорӣ

Надорад вазн , колои ду олам назд савдоем

Сиррӣ дорам ки Юсуфро харидораст пиндорӣ

Кадомин нағма каз рагҳои ҷонами барнамеи хезад

Ҳамеша мутрибамро захма бар тораст пиндорӣ

« назирӣ » баста будам лаб ки ишқи афсона кӯтаҳ кард

Сухани бардошти бурқаъ қисса бисёраст пиндорӣ