Ба худбинӣ ба ҷуз бутгар набошӣ
з худ бигурез то кофар набошӣ
Ба зулмати афканди тӯфони ҷаҳлат
Чу киштигар гарон лангар набошӣ
зи хайли тоирони қудси гардӣ
Агар дар қайди бол ва пар набошӣ
На инсони зодае фазлӣ талаб кун
Ки аз ҳамчун худӣ камтар набошӣ
Чунон сероби сози имрӯзи ҷон ро
Ки фардои ташна кавсар набошӣ
Агар хоҳӣ гузорандат дарин базм
Дамӣ бедӯд чун миҷмар набошӣ
Ҳамаи каси сайд фарбеҳ хоҳаду ишқ
Кунад радат агар лоғар набошӣ
Агар пои раёҳини сари надорӣ
Чу наргиси соҳиб афсар набошӣ
Чу соғари пешагар бахшиш нагирӣ
Миёни ҳамгинон сарвар набошӣ
Нагардӣ зини хати паргор бе сар
Агар чун нуқтаи зи аввал сар набошӣ
« назирӣ » дил ба симини ғабғабии банд
Ки дар қайди ма ва ахтар набошӣ