Зон анбарин кулола ки бар сари ниҳода Эй

Миннат ба тоҷ бар сари қайсари ниҳода Эй

Бар чеҳраи зулфу хол буд хуши намо валек

Хат бар изор аз ҳамаи хуштар ниҳода Эй

Оғӯши ҷонам аз бару мӯят муаттар аст

Гул дар шиканҷи зулфи мънбри ниҳода Эй

Ҳасани ту зевари ту басаст ӣнқадар чаро

Бар гӯшу синаи заҳмати зевари ниҳода Эй

Тартиби сози ҷашн мулӯкона карда Эй

Асбоби базму разми баробари ниҳода Эй

Мино ба кафи зи соиди симини гирифта Эй

Ханҷар ба пеш аз май аҳмари ниҳода Эй

Аз кибр бар муроди дили каси набӯда Эй

Тӯҳмат ба бахту ҷурм бар ахтари ниҳода Эй

Хати ошиқи лабони пар аз ангабини тест

Дар роҳи мӯри доми зи шукри ниҳода Эй

Об ҳаёт мечакад аз лафз чун дарат

Лаб бар зулоли Хизру Сикандари ниҳода Эй

Авроқи назму наср « назирӣ » бигӯ бисанҷ

Баҳрӣ ба кафи сафинаи гавҳари ниҳода Эй