Куҷоеи ганҷи пинҳонии куҷое ?

Ба маъмурӣ , ба вайронӣ , куҷое ?

На дар зоҳир на дар ботини муқайяд

Аниси ҷони зиндонии куҷое ?

Ту нопидо ва ҳар чиз аз ту пайдо

Фурӯғи чашми нӯронии куҷое ?

Наме ганҷӣ дар алфозу иборот

Ту ин маънии ваҷдонеи куҷое ?

зи ту ҳар хонаи пари ваҷд ва самоъ аст

Ҳамаи ҷонӣ ва дар ҷонии куҷое ?

Ғаниматҳои оламро бадал ҳаст

Ту эй бе мисли ва бе сонии куҷое ?

Дило ҳайронтарӣ ҳар дам надонам

Ки ҳамчун чашми қурбонии куҷое ?

Худованди ҳарам дар хонаи мост

Таманноӣ биёбоне куҷое ?

Ба панд ақл кардам тавба аз ишқ

Хато кардам пушаймонии куҷое ?

Дилам шуд тангтар аз ҷамъи асбоб

Ғалат кардам парешонеи куҷое ?

Чу канъони мубталои қаҳти гаштам

Куҷое эй фаровонӣ ? куҷое ?

На дар куфрӣ на дар ойини ислом

« назирӣ » ҳеҷ май донеи куҷое ?