Саҳар ки сунбулам аз ҷайб перҳан бикашӣ

Гумон барам ки раги ҷонам аз бадан бикашӣ

Шавад канор ва барам бе ту боғи урёнӣ

Ки ғораташ кунӣу сунбул ва саман бикашӣ

Шабам ба ҳам зада ёрб ту интиқоми маро

зи субҳи золими қитоъи теғ зан бикашӣ

Шикаста шуд санами айшам аз халили сабоҳ

Ту дод ман самад аз ин санам шикан бикашӣ

Ба нахли умри наёбади хазони перии роҳ

Ба навбаҳор агар бода куҳан бикашӣ

Ба сояи гули ту он гиёҳ бе корам

Ки сар агар бикашам , бехам аз чаман бикашӣ

Хитоби ғамзаи хумори ту ба ман зонст

Ки масти ҳарфи худамсозӣ ва сухан бикашӣ

зи чашми ҳиндӯии ту ин мизоҷ ме ояд

Ки сандалам ба ҷабини пеш брҳмн бикашӣ

Аннани табъи ту дар дасти ноз ва бдхўиӣ аст

Аҷаб набошад агар сари з хештан бикашӣ

Асир карда ту аз хушӣ наёрад ёд

Чу Тифли хотираш аз хеш ва аз ватан бикашӣ

Муқайяди лаб ширин макун « назирӣ » дил

Ки хусрав ар шӯии андӯҳ кӯҳкан бикашӣ