Саҳари мунодии булбул ба гулистон дарёб
Салои суҳбат гул мезанад замон дарёб
Ҳар он дақиқа ки дарёфтии зи умр аз тест
Ки мешавад нафаси рафтаро змон дарёб
Туро фариза буд рафтанӣ ба хонаи дӯст
Дарун агар нагузоранд остон дарёб
Ҳазор воқеа бо рӯзгорам афтодаст
Ба як киришмаи лутфам агар тавон дарёб
Назораи гули даҳр аз видоъ ёд диҳад
Бибин баҳори вайу маънӣ хазон дарёб
Ҳануз буии дилӣ бар машом ме ояд
Дамӣ ки оташам уфтад ба хонимон дарёб
Таҳи пиёла чу бар хоки ташнагони резӣ
Маро ки сӯхта ӣӣ мағз устихон дарёб
Мабод захми ту ҷузи ман ба дигарон ояд
Гуҳӣ ки тири ҷафо май кашӣ нишон дарёб
Макаши малол « назирӣ » ки ҷисм ва ҷон коҳаст
Зулоли ҷоми кашу умр ҷовдон дарёб