Ишқ диҳад бо дили шӯридаи тоб

Парвариш зарра кунад офтоб

Кам нашавад сӯзи дил аз сайли ашк

Оташ савдо нанишинад ба об

Оҳ ки ошиқ кашад аз хомӣ аст

Дӯд кунад дил чу набошад кабоб

Бо сухани талхи табассум хуш аст

Нашъаи даҳаи шаҳд чун гардад шароб

Дайр равад ҷон ки туе дар дилам

Шуъла кунад бар сари шамъи изтироб

Дар шаб ҳиҷрон набӯд равшанӣ

Гарчи буд то ба саҳари моҳтоб

Дида « назирӣ » нашносад Рахш

Бас ки гудозади нигаҳам аз ҳиҷоб