Он диҳад дар гиряи панди мо ки бо мо душман аст
Ҳарки мегирад шиноварро ба дарё душман аст
Ҳар киро дил дар дарун шодаст бо берун чаҳ кор
Шамъро хилват нигаҳбонасту саҳро душман аст
Худ магар аз дар даройӣ варна аз мо то ба ту
Сад биёбонаст ва дар ҳар гоми сад ҷо душман аст
Дили он озурда тар дорем козорш кунанд
Хасмӣ худ мекунад ҳаркас ки бо мо душман аст
Хӯни зи чашми корвонии рехт дар бозори Миср
Ҳар киро Юсуф буд коло ба савдо душман аст
То ғамам гардид мӯниси кулуфтам бо кас намонад
Дӯст чун ҳам хоба гардад мӯ бар аъзо душман аст
Ҳоиҳои гиря эй бояд ки дил холӣ кунад
Варна чун дар дил гиреҳ бошад мудово душман аст
Гар баҳор ояд « назирӣ » вари хазон бо ман магӯӣ
Хотири машғӯли ошиқро тамошо душман аст